Главная » 2019 » Февраль » 24 » 985050789
14:35
985050789

Дар кунҷи дилат заррае эҳсос надорӣ,
Монанди дили ман дили ҳассос надорӣ.
Беҳтар, ки маро дар васати гӯр гузорӣ,
Гар ишқи маро дар дили худ пос надорӣ.
Бояд, ки ба ойина шикоят барам аз ту,
Вақте ки ба ман чашму дили хос надорӣ.
Дар қалби ту дигар шарари ишқ намонда,
Дар гӯшаи чашмат зару алмос надорӣ.
Нафрин ба ҳамон рӯз, ки дил меканӣ аз ман!
Нафрин ба ҳамон ишқ, ки ихлос надорӣ.

Просмотров: 213 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]