Главная » 2018 » Апрель » 19 » 985050789
17:55
985050789

Агарчи точи сар гарди, туро дигар намебахшам,
В-агарчи симу зар гарди, туро дигар намебахшам.
Агар хуру пари гарди ва ё кабки дари гарди,
Маро нури назар гарди, туро дигар намебахшам.
Агар баргашта ои ту, ба чонам чон физои ту,
Ба ман хамболу пар гарди, туро дигар намебахшам.
Агар гуйи хато кардам, бароят нораво кардам,
Маро шому сахар гарди, туро дигар намебахшам.
Агар ошик шави бар ман, ба ин лоик шави бар ман,
Маро пазмонтар гарди, туро дигар намебахшам.
Агар хамрози ман боши, ба ишк чонбози ман боши,
Ба ман содиктар гарди, туро дигар намебахшам.
Ба руз офтоби ман гарди, ба шаб махтоби ман гарди,
Маро шамъи сахар гарди, туро дигар намебахшам.
Агар афти ба пойи ман, бимири аз баройи ман,
Пайи ман дар ба дар гарди, туро дигар намебахшам.
Шави гар хамзабони ман, шави руху равони ман,
Муниси хамназар гарди, туро дигар намебахшам.
Агар гарди ту гамхорам, шави гар бехтарин ёрам,
Маро чону чигар гарди, туро дигар намебахшам.
Агар гарди ту зори ман, шави ту интизори ман,
Ба ду чашмони тар гарди, туро дигар намебахшам.
Агар шайдои ман гарди, в-агар хампои ман гарди,
Зи будат бехтар гарди, туро дигар намебахшам.

Просмотров: 198 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]