Главная » 2018 » Апрель » 14 » 985050789
14:46
985050789

"Маро бубахш,падар"
Мудир:
- Писари шумо аз мактаб хориҷ шудааст.
Падар:
- Барои чи? Ман ҳамчун падар ҳақ дорам далелашро донам.
Мудир:
- Шармовар аст.Дар тӯли давраи кориям ҳаргиз ба чунин чизе дучор нашуда будам.
Падар:- Аз барои Худо,ба ман бигӯед,чи шудааст? Писарам ба тозагӣ модарашро аз даст додааст.Охир чи гуноҳе содир кардаст? Ҳамсолонашро озор додаст? Баҳои паст гирифтаст? Ё касеро дашом додаст?
Мудир:
- Бачаи шумо...
Падар:
- Бачаи ман чи?
Мудир:
- Бачаи шумо назди 18 нафар талаба ба муаллимааш гуфтааст,ки ошиқатам.
Воқеан ҳам барои як талабаи синфи 2 ин хеле кори зишт аст.
Падар аз ин суханҳои мудир ба хашм омаду бо тунди гуфт:
- Ҳоло Куруш куҷост?
Мудир:
- Ӯ ҳоло дар синфаш аст.
Падар дарҳол вориди синфи писараш шуд.Куруш он ҷо набуд.Радифи курсиҳои талабаҳо сумкаи писарашро шинохт.Наздик рафт.Рӯи мизе,ки ҷои нишасти писараш буд,хатчае бо чунин навишта пайдо кард:
"Чашмонаш хеле ба чашмони модарам монанд буд.
Маро бубахш падар!"

Просмотров: 251 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]