Главная » 2018 » Февраль » 11 » 985050789
19:11
985050789

Бирав аз ман хиёнатгар туро дидан намехоҳам,
Магӯ ту аз вафо дигар туро дидан намехоҳам.
Ба пеши ман мазан зону марезон ашки чашматро,
Надорам бар ту ман бовар, туро дидан намехоҳам.
Шикастӣ қалби покамро гусасти риштаи паймон,
Задӣ бар синаам ханҷар, туро дидан намехоҳам.
Ба хилват аз мани шайдо нишасти бо ҳама аъдо,
Надорӣ нангу ному фар, туро дидан намехоҳам.
Вафо куштӣ ту бо фандат, чӣ суд аз оҳу савгандат,
Шавам гар бе ту ман музтар , туро дидан намехоҳам.
Ҳазору сад гумони бад ба ман мекардӣ ҳамвора,
Вале худ кардаӣ сад шар, туро дидан намехоҳам.
Чӣ мақсад буд дар қалбат задӣ лофи вафову ишқ,
Бирав худкомаи бесар, туро дидан намехоҳам.
Ба вақти сахтиҳои зиндагонӣ эй ҷафопеша,
Нагаштӣ ту ба ман ёвар, туро дидан намехоҳам.
Ту бар боди фано додӣ ҷавониву баҳорамро,
Дигар як лаҳза ҳам дар бар, туро дидан намехоҳам.
Хаёлат бо ҳама фандат дубора ёри ту гардам?
Ту дигар нестӣ дилбар, туро дидан намехоҳам.
Кунун ман шишаи бишкастаи бебодаро монам,
Бирав, ҳолам макун бадтар, туро дидан намехохам.

Просмотров: 276 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]