Главная » 2018 » Февраль » 11 » 985050789
19:06
985050789

Ду чашмамро ба рухсори ту во кардам, хато кардам,
Нигоҳамро ба ҳуснат ошно кардам, хато кардам.
Ту натвонӣ ба ҷуз ҷабру ҷафо, ҷуз бевафогиҳо,
Саропо хешро баҳрат фидо кардам, хато кардам.
Диламро хору зор кардӣ, накардӣ раҳм боре ҳам
Диламро бар ту додам. Ман чиҳо кардам? Хато кардам!
Бигуфтӣ ту, ки :”Худро дур бигир аз ҷумла ғайри ман”
Худамро бар ҳама ноошно кардам, хато кардам.
Ба уммеди ту аз хешу табор бегона гардидам,
Чӣ кори бад, чӣ кори носазо кардам, хато кардам!
Бигуфтам:”Нури чашму қуввати ҷонам шавад шояд”,
Туро андар дилу дар дида ҷо кардам, хато кардам.
Ба уммеде, ки қалбат нарм гардад, боз баргардӣ,
Ба поят ашк рехтам, гиряҳо кардам, хато кардам.
Бигуфтӣ:”То, ки умр аст ман вафодори ту мемонам”,
Ба гапҳои дурӯғат иктифо кардам, хато кардам.
Маро бишкастию бар раҳгузар партофтӣ, рафтӣ,
Пасат садҳо фиғону нолаҳо кардам, хато кардам.
Надорам қуввати бозомадан андар сари кӯят,
Тамоми умр бар ишқат адо кардам, хато кардам.
Намешнохтам туро чун, хуб буд ин аз барои ман,
Туро бар хештан ман ошно кардам, хато кардам.
Ҳаётам талх шуд аз он ҳама бемеҳриҳои ту,
Ҳаётамро бароят ман ато кардам, хато кардам.
Кунун бигзашт умри ман, парешонам, парешонам,
Ман умрам сарф бар роҳи хато кардам, хато кардам.

Просмотров: 295 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]