Главная » 2017 » Август » 26 » 985050789
15:22
985050789

Омадӣ бар олами ман, лек аз он рафтӣ зуд, 
Дар дилам сад ғусса коштиву надидам аз ту суд. 
Гуфта будӣ, ки замоне вохурӣ созем ба ҳам, 
Ончунон кардӣ фаромӯш, гӯиё чизе набуд. 
Чанд рӯзе зора кардам, акси худ бар ман намо, 
Ваъдаи як рӯз кардиву вале он ҳам нашуд! 
Бо муҳаббат, бо вафо, бо қадрошноии худ, 
Хостам дунёи ту афсонавӣ созам, нашуд! 
Гарчи мегӯӣ, ки ман дунёпараст нестам, вале, 
Худ надониста, ба моли ин ҷаҳон дорӣ суҷуд! 
Қадри ишқу меҳрро афсӯс намедонад дилат, 
Ту бирав бо он касе бош, сангдил аст дар вуҷуд. 
Ту нафаҳмидастӣ, як бор дар ҳаёт ишқ мерасад? 
Гар надонӣ қадрӣ ишқ, асло набинӣ қадр худ! 
Бевафою аҳд будӣ ту зи аввал, во дареғ, 
Ки дилам майли туи бемеҳру беаҳд карда буд! 
Дар дили Амриддин ҷаҳонеро бисӯхтӣ беамон, 
Мерасад рӯзе, ки сӯзи то қиёмат худ ба худ!.

Просмотров: 237 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]