Главная » 2017 » Май » 10 » 985050789
17:55
985050789

Ду ошике бо хам ахд мекунанд то охири умр якчо бошанд. Бахамдигар ваъда медихандки агар яке аз мо пештар дунёро тарк кард бо касе хонадор намешавад. Бохамин суханон рузхо пасисар мешаванд. Рузе духтар бемор шуда мемирад.Чавон сари гури духтар 30сол гиря мекунад. Ногох аз кучое хазрати Исо (а.с)пайдо мешавад: Эй мардчаро инкадар гиря дори? Мард саргузашташро накл мекунад. Хазрати Исо (а.с)мегуяд гиря накун духтар бевафо аст! Чавон мегуяд не зани ман бовафо буд. Хазрат харчанд мефахмонад чавон кабул намекунад. Баъд мегуяд мехохи ки бокии умратро ду таксим карда занатро зинда гардонам. Албатта мехохам гуён чавон рози мешавад. Хазрат дуомекунанд гур боз мешаваду духтар берун меояд. Духтар ёш зебо аммо писар аз дарду хамсараш сафед. Хазрат дубора никохашон мекунаду меравад. Чавони муйсафед аз хамсараш хохиш мекунад то даме сари зонуяш хоб равад. Зеро бисёр хаста шудааст. Хамин вакт шохзодае аспсавор мегузарад. Чашмаш ба духтари зебо афтода мепурсад ин муйсафед чаро руи зонуиту хоб аст? Духтар дар чавоб мегуяд: у маро дуздид. Шохзода даъваташ мекунад биё бо ман меравем. Духтар охиста сари муйсафедро дар замингузошта ба аспи шохзода савор мешавад. Ногох муйсафед бедор шуда аздунболашон медавад истед зани маро кучо мебаред? Шохзода мегуяд ин зани тунест ту уро дуздидаи. Муйсафед касам мехурадки Алхамдулилох зани хаконии худам аст. Шохзода аз духтар мепурсад ки у рост мегуяд духтар мегуяд не у маро дуздид. Шохзода ба муйсафед таъкид мекунадки аз пасамон набиё вагарна сарат ба дор меовезем. Аммо муйсафед хохишкунон меравад. Шохзода фармон медихадки ба дор овезедаш. Пешаз дор боз муйсафед суханонашро такрор мекунад. Мепурсан кишохид дори? Хазрати Исо(а.с)-ро ба ёд оварда бале мегуяд. Шохзода рахояш мекунад то шохид орад ва ду посбонро аз пасаш мефиристад. Муйсафед мекобаду мекобад азхазрат нишоне намеёбад ва таги дарахте хобаш мебарад. Дар хоб Хазратро хоб мебинад ки мегуядаш:ман нагуфтам ки духтар бевафост хез аз чоят рав ман хозир аз пасат меоям вакте муйсафед бедор мешавад болои сараш ду посбон лату куб карда мебаранду ин дуругуро доркашед мегуянд. Нав сатили зери пояшро задан мехоханд ки ногох равшание як нуре пайдо мешаваду истед мегуяд. Ин Хазрати Исо (а.с) буд ва як як хамаашро ба шохзода накл мекунад ба муйсафед мурочиат карда мегуяд акнун мехохи бокии умри додаатро гири муйсафед бале мегуяд Хазрат дуо мекунанд умри додаи муйсафед ба занаш боз бахуд бар мегардад ва зан устухон шуда мерезад.

Просмотров: 354 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]