Главная » 2016 » Январь » 18 » 985050789
14:38
985050789

Бихон бо гиря назмамро, чу бо гиря бишуд эчод,
Ки хар як мисраи пургaм зи андухи дили ношод.
Махур андухи Хусравро, аё Ширин бирезон ашк,
Барои бахти ночураш, барои захмати Фарход
Чу Кайсам з- ишки ту шайдо, хама дардам зи ту пайдо,
Шабехи ман, аё Лайло, зи ночори мазан фарёд
Зи чабрат банд дар зиндон, дарего бегунах Юсуф,
Намо лутф, эй Зулайхоям асиратро намо озод
Шудам афсона аз ишкат, дилам гaмхона аз хачрат,
Биё, к-аз макдамат созам ба дил кох аз фарах бунёд
Зи иншою сиришки ман ба ханда ишки ман, Амриддин,
Шавад бо назму ашкам кай дили бишкастае обод.

Прикрепления: акс 1
Просмотров: 269 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]