Главная » 2015 » Декабрь » 18 » 985050789
13:54
985050789

Эй бевафо аз кори худ рӯзе пушаймон мешавӣ,
Бар бӯсаҳои лаб ба лаб в-он гаҳ ту пазмон мешавӣ.
Баҳри ғурури нафси хеш дил кандаи аз ман бидон ,
Чун савр, агар боло равӣ рӯзе ту поён мешавӣ.
Аз ҷаннатулфирдавс бурун, аз кибр шайтон ронда шуд,
Рӯзе ту ҳам аз қалби ман берун чу шайтон мешавӣ.
Бишкуфта будам чун гуле, лек хор бинмудӣ маро,
Рӯзе чу ман бо сад алам хори гулистон мешавӣ.
Ҷисму тану ҳам ҷони ман сӯхт з-оташи ҳиҷрони ишқ,
Аз ишқ ту ҳам рӯзе чу ман ё худ дучандон мешавӣ.
Хушкида халқам ин даме, аз ишқи ҷонсӯзат чунон,
Рӯзе чу ман бар қатра об зори биёбон мешавӣ.
Кушти маро бо дарду ғам карди парешон хотирам,
Медони ту ҳам ай бевафо, рӯзе парешон мешавӣ.
Чун абр зи дида хун бирехт аз ишқи бемеҳрат эй ҷон,
Бар он қалби бемеҳрат бигӯ, кай қалби инсон мешавӣ?

Прикрепления: акс 1
Просмотров: 322 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]