Главная » 2015 » Сентябрь » 8 » 985050789
20:59
985050789

Ту як бозингари, ман хуб медонам.
На ёру ёвари, ман хуб медонам.
Ба ман гарчи ту мегуи сухан аз Ишк,
Вале афсунгари, ман хуб медонам.
Ту исёне ба марзи синаам карди,
Ту як игвогари, ман хуб медонам.
Ту дар паймонаи чашмони бемехрат,
Ба ман гам овари, ман хуб медонам.
Сиришки ту надорад шурии хичрон,
Ту бе дарди сари, ман хуб медонам.
Ту аз хусни базеби хеш мефахри,
Ту як худпарвари, ман хуб медонам.
Туро харфи хуши кас мебарад аз худ,
Басо зудбовари, ман хуб медонам.
Ба гавхар мефуруши ту мухаббатро,
Ту шайдои зари, ман хуб медонам.
Бирав аз ман, дубора барнаё дигар,
Ту ёри дигари, ман хуб медонам.

Прикрепления: акс 1
Просмотров: 446 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]