Главная » 2014 » Октябрь » 25 » 985050789
09:45
985050789

Ғами дил бо ки гўям, ғамгусорам аз канорам рафт,
Гулисад орзу ночидаи армон, баҳорам рафт.
Ман аз сардии фасли ғусса мурданро намехоҳам,
Биё баргард, ки аз рафтан ҳама сабру қарорам рафт.
Чу шаб дар хонаи чашми тарам нуре намонд боқӣ,
Агар раҳме ба дил дори, бубин нури наҳорам рафт.
Дигар аз зинда буданҳои ман уммедро кам ҷў,
Ки он умед чун ҷон аз бадан, бо сад мадорам рафт.
Ба гўшам нағмаи найранг набуд форам рўзи аҳд,
Магў такрори оҳангаш, ки он савту ҳазорам рафт.
Ба хуштолеъиям ёрон ҳасад бурданд, ки хушбахтам,
Вале афсусу вовайло, ки толеъву барорам рафт.
Кунун дар хонаи ғам хомаам олудаи ҳасрат,
Ҳамехоҳад нигорад мисрае, аммо мадорам рафт.
Азизон дасти имдоде маро имрўз муҳтоҷам,
Магўед сабру таскину тасалли, тоқату ин ҳар чаҳорам рафт.

Прикрепления: акс 1
Просмотров: 583 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]