Главная » 2014 » Октябрь » 25 » 985050789
09:32
985050789

Эй азизи дар сафар ёдат кунам, ёдат кунам,
Бод роҳат бехатар ёдат кунам, ёдат кунам.
То даме осуда бошад хотирам, охир расон,
Гоҳ гоҳ аз худ хабар, ёдат кунам, ёдат кунам.
Чашм дар роҳу ҳама андешаам ҳамроҳи туст,
Ҷон туро шуд ҳамсафар, ёдат кунам, ёдат кунам.
Ман нагуям аз фироқу ҳам нагуям аз хумор,
К-ин ҳама андар ҷигар, ёдат кунам, ёдат кунам.
Шоду сарафроз рӯзе кош боз ойиву дил,
Боз гардад пуршарар, ёдат кунам, ёдат кунам.

Прикрепления: акс 1
Просмотров: 366 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]