Главная » 2013 » Октябрь » 13 » 985050789
13:01
985050789

Ёри ҷон, донӣ чи сон мехоҳамат,
Ҳарф-ҳарф андар забон мехоҳамат.
Гарчи рафтӣ аз барам бо сад ҷафо,
Боз, эй номеҳрубон, мехоҳамат.
Ҷисму ҷон шуд аз ғамат обу адо,
Дар бадан монанди ҷон мехоҳамат.
Бе ту мондам дар ҷаҳони тангу тор,
Ҳамчу хуршеди ҷаҳон мехоҳамат.
Сӯхтам андар биёбони фироқ,
Мисли дарёи равон мехоҳамат.
Рафтӣ аз чашми тари ман бенишон,
Дар дили худ ҷовидон мехоҳамат.

Прикрепления: акс 1
Просмотров: 496 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]