Главная » 2012 » Октябрь » 13 » 985050789
16:29
985050789
Рав, сар бинех ба болин, танхо маро рахо кун, Тарки мани хароби шабгарди мубтало кун. Моему мавчи савдо, шаб то ба руз танхо, Хохи, биё бубахшо, хохй бирав чафо кун! Аз ман гурез, то ту хам дар бало наяфти, Бигзин рахи саломат, тарки рахи бало кун. Моему оби дида, дар кунчи гам хазида, Бар оби дидаи мо сад чой осиё кун. Хиракушест моро, дорад диле чу хоро, Бикшад, касаш нагуяд, тадбир хунбахо кун. Бар шохи хубруён вочиб вафо набошад, Эй зардруй ошик, ту сабр кун вафо кун! Дардест гайри мурдан, к-онро даво набошад, Пас ман чи гуна гуям, к-он дардро даво кун. Дар хоб душ пире дар куи Ишк дидам… Ба даст ишоратам кард, ки азм суи мо кун!!! Гар аждахост дар рах ишк аст чун зумуррад, Аз барки он зумуррад, хин, дафъи аждахо кун. Бас кун, ки бехуда ман в-ар ту хунарфазой, Таърихи Буали гу, танбехи Буало кун.
Прикрепления: акс 1
Просмотров: 620 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]