Главная » 2012 » Октябрь » 13 » 985050789
16:29
985050789
Орзуям буд, дилро дар ҳаёт Пеш аз он ки ба хокаш биспурам, Аз раҳи расму русуму эътиқод Дар вафои ишқи покаш биспурам. Не, нашуд, ҳарчанд зори кардамат, Ҳар қадар ки илтицо кардам туро, Ҳар қадар ки ғамгусори кардамат, Ҳар қадар ки кардам изҳори вафо – Нашнавиди ҳарфи меҳролуди ман Нолаи ман, нолаи дилдодаро. Ҳайф донисти бароям як сухан, Як сухан, як ҳарфи айни муддао. Хайр, навмедам агарчи, лек боз Як-ду рузе зиндагони мекунам. Шояд оям ру ба ру дар роҳи рост Ё ба рузи ид бо ту, эй санам. Рафту гар саргаштагии рузгор Ру ба ру н-орад маро, бо ту дигар, Гаҳ-гаҳе дар вақти айшат ёд ор Аз мани дилдодаи хуни Чигар. Серташвишии рузи туйҳо Гар насибат гардаду боши ту шод, Дар миёни шодиву ташвишҳо Ёд кун боре, азизам, ёд, кун аз он, ки бо чашмони тар Аз паи ту, медавид. Дар сари роҳат ситода ҳар саҳар Баҳри дидан интизори мекашид. Ёд кун аз он, ки андар ёди ту Дар муҳаббат, дар вафоят метапид. Меписандиди агар, албатта, У Бо вафодори ба қадрат мерасид…
Прикрепления: акс 1
Просмотров: 668 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]