Главная » 2012 » Июль » 28 » 985050789
08:39
985050789
Хоби ошик....
Лаб-лаби руд мерафти.Дар тан куртаи пурнакшу нигор дар сар руймоли гулдузии замонави,бо сад зебои дилфиреб рох мегашти.Зери лаб сурудеро зам-зама менамудию гох-гох аз лаззати маьнии суруди ошикона аз хуш рафта гулдастаи тару тозаи дастонатро бози медоронди. Ин лахза эхсос намудам ки торафт зеботару дилработар мегашти.Ногох садое баровардию дар ру ба руят маро диди лахзае бо харос ба руям нигаристиву сипас хотирчаьмона суям табассуми махине намуди.Аз мехрубонии ту гуё неруе пайдо карда бошам ки бебокона дастонамро ба суят дароз кардам.Ба як мижа задан туро дар огуши худ дидам.Аз лабони пуртабассуму руи лоларанги кулча монандат бусахо ситонидам. Боз ишку мухаббат орзуву умедхои чавони шуьлавартар гардид.Дастонатро халкавор ба гарданам гузоштиву сипас гулдастаи тару тозаи дар дастат бударо ба ман такдим намуди. Боз як бусаи ошиконна...ва ин лахза аз чашмони сиёхат лабонамро насиб гашт. Садои модарам ба гуш мерасид; ,,Хез писарам субх дамид..." Бо таьби кушодаву чехраи болида аз чойгахам хестам. Ба ёдам расид,ки ин хама лаззатбарихову хушихо ва он лахзахои бехтарини ошикона хама дар хоб будааст.
Прикрепления: акс 1
Просмотров: 889 | Добавил: 985050789 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]