Главная » 2019 » Апрель » 09

Ман анҷомат додам хуш ба ҳоли касе ки бо ту шурӯъ мекунад.

Хонданд: 186 | Навист: 985050789 | Руз: 09.04.2019 | Гапҳо(0)

Муҳим нест чи қадар таҳсил кардаи, чи қадар бо истеъдоди, ё чи қадар сарватманди, тарзи рафторат бо дигарон худаш ҳамачиро роҷеъ ба ту мегӯяд.

Хонданд: 200 | Навист: 985050789 | Руз: 09.04.2019 | Гапҳо(0)

Ишқ зебост аммо бо ҳар кас тачрибааш накун.

Хонданд: 169 | Навист: 985050789 | Руз: 09.04.2019 | Гапҳо(0)

Орзу намекунам, ки баргарди, орзу мекунам, ки ошиқ шавию дӯстат надорад ҳеҷ вақт.

Хонданд: 226 | Навист: 985050789 | Руз: 09.04.2019 | Гапҳо(0)

Табиб ба кӯдак гуфт:
 -Модарат мемирад.
Кӯдак пурсид:
 -Кай?
Табиб гуфт:
 -Поиз.
Кӯдак пурсид:
 -Поиз кай аст?
Табиб гуфт:
 Вақте баргҳо мерезанд.
Кӯдак омад хона ва сӯзану риштаро гирифту рафт, то тамоми баргҳои кишварашро ба дарахтон бидӯзад.

Хонданд: 172 | Навист: 985050789 | Руз: 09.04.2019 | Гапҳо(0)

Лаҳзаҳои бе ту будан мегузарад, аммо бидон ба сахти.

Хонданд: 190 | Навист: 985050789 | Руз: 09.04.2019 | Гапҳо(0)

Оре ёдам ҳаст ки гуфта будам ҳама хатоҳоятро мебахшам, вале нагуфта будам ки  хиёнатро.

Хонданд: 162 | Навист: 985050789 | Руз: 09.04.2019 | Гапҳо(0)

Вақте яке кушиш мекунад ки туро аз даст надиҳад маънояш ин нест ки ба ҷуз ту касе канораш нест.

Хонданд: 207 | Навист: 985050789 | Руз: 09.04.2019 | Гапҳо(0)

Рафтам аз дасти чафоят бар намегардам дигар.
Дидаам садхо хатоят бар намегардам дигар.
Гарчи руятро надида, мешавам комат хамида.
Чониби кадди расоят бар намегардам дигар.
Дар дахонам талх гардад шарбату ширу шакар.
Аз барои буссахоят, бар намегардам дигар.
Дар рахи ишку мухаббат, бо хама мехру сафо.
Гарчи будам чонфидоят, бар намегардам дигар.
Аз пушаймони зани фарьёди талхе аз чигар.
Бишнавад олам садоят, бар намегардам дигар.
Гарчи баъд аз рафтани ман бар дигар дил бастаи.
Тира мегардад самоят, бар намегардам дигар.
Шеъри киммат аз сарамро сухти дар оташе.
Зар бигардад хоки поят, бар намегардам дигар.
Аз чафои бе шуморат, аз нигохи кахрборат.
Дил шикаста бенихоят, бар намегардам дигар.

Хонданд: 183 | Навист: 985050789 | Руз: 09.04.2019 | Гапҳо(0)

Ҳар чизе ки як тарафа бошад хастакунанда мешавад, ва одам аз як ҷое ба баъд мефаҳмад талош беҳуда асту рафтан беҳтар аст.

Хонданд: 198 | Навист: 985050789 | Руз: 09.04.2019 | Гапҳо(0)

Гузашта ҳаргиз дубора барнамегардад, ва кас намедонад, ки чаро.
Вале эй кош, бо ту буданам як бори дигар такрор мешуд.

Хонданд: 178 | Навист: 985050789 | Руз: 09.04.2019 | Гапҳо(0)