Главная » 2016 » Октябрь » 28

Бахори зиндагони рафт, сад афсус.
Зи каф умри чавони рафт, сад афсус.
Нагуфтам рози дил як дам ба пешаш.
Зи пешам ёри чони рафт, сад афсус.

Хонданд: 260 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

То дил накунад дард, надони, ки дилат хаст.
То сар накунад дард, надони, ки сарат хаст.
То ёр туро тарк нагуяд, натавон гуфт.
Аз у ба дилу чон чи нишону асарат хаст.

Хонданд: 235 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Шавки ту дар дили ман кур шуда.
Бахри ишкат дили ман гур шуда.

Хонданд: 279 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Хар руз ки бигзашт ба сад фанду ба сад панд.
Неку нигарам, буд, барои дили ман буд.
Чун бахт, ки як ояду кадраш нашиносем.
Хар рузи хатохурда хатои дили ман буд.

Хонданд: 259 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Дар лаби об бо лаби хомуш.
Худ ба худ рози дахр мегуям.
Эй насими бихиштии дарё.
Ман чи гум кардаму чи мечуям?

Хонданд: 268 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Шеър гуям, то бидонанд ахли дард.
Дарди онхо дар дили ман бештар.
Шеър гуям, то бидонанд ахли дил.
Аз дили онхо дили ман рештар.

Хонданд: 273 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Дар дида ба чои хоб об аст маро.
Зеро, ки ба диданат шитоб аст маро.
Гуянд бихоб то ба хобаш бини.
Эй бехабарон чи чои хоб аст маро.

Хонданд: 228 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Бар пеши дарат дубора оям рузе.
Рамзе шаваму ишора оям рузе.
Дар руи замин дубора кай меруям?
Бесурату беситора оям рузе.

Хонданд: 262 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Хушкида дарахти бесамар шуд дили ман.
Дур аз назари ахли назар шуд дили ман.
Гулбарг ба номи ёр омад зи фалак.
Ёраш нагирифту беасар шуд дили ман.

Хонданд: 257 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Биё, тасвир, бар оина баргард.
Биё, алмос, бар ганчина баргард.
Биё, баргард, эй номардуми ман.
Ба чашми ошики дерина баргард.

Хонданд: 236 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Маро рахтуша аз пархезгорист.
Ба чои хун ба набзам нур чорист.
Чавоби номахои ман наомад.
Тамоми зиндагиям интизорист.

Хонданд: 219 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Бо як нигоху як салом.
Карди ту кори дил тамом.
Хоби шабам карди харом.
Бори дигар бар ман нигар.
Эй дар чахон яктои ман.
Эй ёри бепарвои ман.
З-ин беш не савдои ман.
Бори дигар бар ман нигар

Хонданд: 306 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Ба фардо ваъдаам додию меои, намеои?
Азобам дода худ шодию меои, намеои?
Туро, эй бахти баргашта, сурогат мекунам умре.
Ба руям дар набикшодию меои, намеои?

Хонданд: 270 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Хабибам гуфтию химмат накарди.
Fаму дарди маро кисмат накарди.
Ту хам, эй толеи баргаштаи ман.
Чаро боре ба ман омад накарди?

Хонданд: 279 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Бори андухи гарон бар души бедардон бубин.
Курсии мансаб ба зери пойи номардон бубин

Хонданд: 247 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Бишкуфад дар руи кабрам он гули ночидаи ман.
Он гули армонхои дар чахон нодидаи ман.

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 269 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Хар хандаи мо хамеша хайрони гамай.
Бе ту хама руз чу шабистони гамай.
Як руз биё барои армон шикани.
Бе ту ба чигар алови хичрони гамай.

Хонданд: 240 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Нафас, нафас ман туро зи дунё, туро факат мечуям.
Аз авчи руё, зи мавчи дарё туро факат мечуям.
Аз арши кавкабхо, аз огуши шабхо.
Ба носабури, ба рахми дури туро хамечуям..

Хонданд: 256 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Эй булбули шурида аз дарди чи нолони.
Аз чист дар овозат оханги парешони.
Дар сина чи fам дори, аз ранчи ки бедори.
Ё мисли мани ошик аз ишк, пушаймони.

Хонданд: 350 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Зи охи сарди мо дилхо бисузад.
Чу он гулхо, ки аз сармо бисузад.
Ба чуз парвона дилсузе надорем.
Ки шамъе бар мазори мо бисузад.

Хонданд: 347 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Баски сели гиряам хар лахза афзун мешавад.
Хонаи чашми маро, тарсам, ки хохад об бурд.

Хонданд: 315 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Хавои ишк, хазорон ранг дорад.
Шикасти кавли ошик нанг дорад.
Ба ман гуфти, ки ахдам оханин аст.
Чи даркор охане, ки занг дорад.

Хонданд: 254 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Ханда мебини, вале аз гиряи дил fофили.
Хонаи мо аз дарун абр асту берун офтоб.

Хонданд: 261 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Марав аз ман, ки аз дарди чудои мешави ранчур.
Мухаббат хам намак дорад кунад ношукри худро кур.

Хонданд: 317 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Аз бадбахттарин рузхои умрат ноумед мабош.
Зеро аз сиёхтарин абр зеботарин борон меборад.

Хонданд: 236 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Ты можешь плакать хоть каждую ночь, но утром ты обязана делать вид что счастлива....

Хонданд: 238 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Дар банди хаёли ту печидаву печида.
Хобам бипарид имшаб аз дидаву аз дида.
Дур аз манию бар ту аз мехр fазал гуям.
Эй кош, ки боз ои бишнидаю бишнида.

Хонданд: 320 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Эй ёр, ишкат аз дилам осон намеравад.
Дар маfзи чон даромаду аз чон намеравад.
Бошад, ки боз бинамат эй ёри рафтаам.
Ман меравам, вале зи дил армон намеравад.

Хонданд: 768 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Каломи пурсипосам кай шиноси.
Нигохи бекиёсам кай шиноси.
Дили ман хеч, касро чуз ту нашнохт.
Дили дилношиносам кай шиноси.

Хонданд: 236 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Шаб шуду руз шуду умр гузашт.
Бод бар марги хазон фотиха хонд.
Зиндагони, ки ачаб асрорест.
Пурсише буд, ки бепосух монд.
 
Хонданд: 264 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Дунё дили ман, хазор дунё - дили ман.
Курбони хазор сирру савдо - дили ман.

Хонданд: 252 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Бе ту хаваси касе накардам, эй чон.
Fамхои туро хазина кардам, эй чон.

Хонданд: 258 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Ман нек будам, бо бади ёдам карданд.
Ман хоки сабук будаму бодам карданд

Хонданд: 256 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Бисёр дар ишк халкаи дар задаам.
Охир зи чудои хок бар сар задаам.

Хонданд: 280 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Дар хоб туро дидаму бедор шудам.
Як бори дигар зи ишки ту хор шудам.

Хонданд: 368 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Дар манзари навбахор борону нам аст.
Дар дафтари ошикон факат байти fам аст.

Хонданд: 266 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Эй кош туро надида мемурдам ман.
Хокам мехурду fам намехурдам ман.

Хонданд: 280 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Чун дафтари хешро варак, гардонам.
Дар хар вараке шеъри fаматро хонам.

Хонданд: 344 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Дилам як бор шуриду зи худ рафт.
Намедонам кучо рафту чихо кард.
Факат донам, ки боре рафту умре.
Маро бо лаззати дард ошно кард.

Хонданд: 280 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Кунун бо дидаи пурдидаи худ.
Агар дар сафхае номам бихони.
Бидон, ки ман хамон гумкардаи ту.
Туро гум кардаму гум шуд чавони.

Хонданд: 291 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Туи ганчинаи умри ман, эй ёр.
Туи наkдинаи умри ман, эй ёр.
Ба монанди диле fамгину шодон.
Туи дар синаи умри ман, эй ёр.

Хонданд: 329 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Дилам шуд kосаи зардоб аз ишk.
Сарам шуд чархаи гирдоб аз ишk.
Валеkин боз мегуянд мардум:
Илочи худ бирав дарёб аз ишk.

Хонданд: 199 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Замоне ишkи ту бахти дилам буд.
Зи kулли насяхо наkди дилам буд.
Масузон номахоямро дар оташ.
Ки хар яk нома яk лахти дилам буд.

Хонданд: 285 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)

Дилам оташ буду хокистар шуд.
Дарди дил боиси дарди сар шуд.

Хонданд: 307 | Навист: 985050789 | Руз: 28.10.2016 | Гапҳо(0)