Главная » 2016 » Сентябрь » 26

Кафши кудакеро дарё бурд... Кудак руи соҳил навишт: Дарёи дузд. Дуртар аз у марде, ки аз дарё сайди хубе бардошта буд, навишт: Дарёи саховатманд. Модаре, ки фарзандаш ғарқ шуда буд, навишт: Дарёи қотил. Пирамарде, ки марворид ба даст оварда буд, навишт: Дарёи бахшанда. Мавҷ навиштаҳоро шуст. Дарё ором гуфт: Ба қазовати дигарон бовар макун! Агар мехоҳи дарё боши, бар ончи гузашт, ончи шикаст, ончи нашуд ҳасрат махур. Зиндаги агар осон мебуд, бо гиря оғоз намешуд

Хонданд: 265 | Навист: 985050789 | Руз: 26.09.2016 | Гапҳо(0)

Ба гули офтобпараст гуфтам. Чаро шабона саратро ба поён мекуни? Гуфт- шабона Ситора ба суям чашмак мезанад намехохам ба Офтоб хиёнат кунам.

Хонданд: 316 | Навист: 985050789 | Руз: 26.09.2016 | Гапҳо(0)

Тифлаки ширинсухан аз модари худ пурсид: - Модарчон, агар Биҳишт аз ту бошад, пас чаро онро дар дастонат нагирифтӣ, балки зери по гузоштӣ? -Модар ки нисбат ба фарзанди азизи худ рахму шавкат ва мухаббати беканор дорад, чавоб гуфт: -Фарзанди азизам! - Онро дар замин гузоштам, то ин ки туро дар оғӯш гирам.

Хонданд: 420 | Навист: 985050789 | Руз: 26.09.2016 | Гапҳо(0)