Главная » 2016 » Февраль » 05

Рафтию умрам шуд сипар, ишқи ту аз ёдам нарафт, 
Ёдам накарди ту дигар, ишқи ту аз ёдам нарафт. 
Нозу итоби ман бирафт, аз дида хоби ман бирафт, 
Омад суроғам чашми тар, ишқи ту аз ёдам нарафт. 
Таркам намуди, бевафо бе хайру бе узру дуо, 
Ман мондаму чашме ба дар, ишқи ту аз ёдам  нарафт. 
Ман мондаму чашме ба дар, ишқи ту аз ёдам  нарафт, 
Ёдам накарди ту дигар, ишқи ту аз ёдам нарафт. 
Дар интизорат рузу шаб, ҷонам ба лаб омад ба лаб 
Дил хаставу, ҷон хастатар, ишқи ту аз ёдам нарафт 
Сад раҳ давидам ноумед, боли ҳумоям нопадид 
Мурғи дилам бе болу пар, ишқи ту аз ёдам нарафт. 
Ёдам накарди ту дигар, ишқи ту аз ёдам нарафт, 
Гуфтам ба дил ёдаш макун, беҳуда фарёдаш макун, 
... Давомаш »

Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 616 | Навист: 985050789 | Руз: 05.02.2016 | Гапҳо(0)