Главная » 2013 » Май » 30
Дарёи дилам гаркаи хун шуд зи гамат,
Дил аз кафаси сина берун шуд зи гамат.
Бо дурии худ ранчу азобам доди,
Ранги рухи ман зарду загум шуд зи гамат.
Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 618 | Навист: 985050789 | Руз: 30.05.2013 | Гапҳо(1)

Биё, сад бор бӯсам аз лабонат,
Зи ҷони хеш бахшам ҷон ба ҷонат.
Чунон сӯзонамат бо сӯзи ишқам,
Ки сӯзад мағз мағзи устухонат.
Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 476 | Навист: 985050789 | Руз: 30.05.2013 | Гапҳо(0)

Ту гуфтӣ «мешавам ёри вафодор»,
Вале рози туро нашнидам, эй ёр.
Набинем якдигарро мо тамоман,
Чунин ишқи забонӣ бар кӣ даркор?
Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 482 | Навист: 985050789 | Руз: 30.05.2013 | Гапҳо(0)

Ёдат зи дилам дар ин шаби тор гузашт,
Чонам ба хаёлат аз таги дор гузашт.
Аммо чи кунам зи ишк ношукрии мо,
Бисёр гузашту кор аз кор гузашт.
Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 504 | Навист: 985050789 | Руз: 30.05.2013 | Гапҳо(0)

Мухаббатро ба дил, харчанд зебост.
Тавони, чо макун, азбас фиребост.
Диле, ки андар он бошад мухаббат.
Фигору хаставу бас ношикебост.
Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 467 | Навист: 985050789 | Руз: 30.05.2013 | Гапҳо(0)

Ту таъна мазан, ки ишқи ботил дорам.
Ман ошиқаму як ишқи комил дорам.
Харгиз натавонам ба ду кас дил додан.
Зеро ки даруни сина як дил дорам.
Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 534 | Навист: 985050789 | Руз: 30.05.2013 | Гапҳо(0)

Ба дил аз меҳри ту дигар наво нест,
Дили бишкастаро дигар даво нест.
Диле, ки худ саропо дард дорад.
Варо дарди дигар додан раво нест.
Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 555 | Навист: 985050789 | Руз: 30.05.2013 | Гапҳо(0)

Аз азобу фироки у нолахо кардам нашуд,
Гиря дар куи фирокаш бе садо кардам нашуд.
Аз набарди тири мижгонаш ба чонам захм зад,
Хуни дилро ман ба пояш чун хино кардам нашуд.
Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 536 | Навист: 985050789 | Руз: 30.05.2013 | Гапҳо(0)

Чи бад кардам фарёдам накарди,
Маро гам мекушад шодам накарди.
Ман аз дидан надорам хеч сери,
Ту магар сер хасти ёдам накарди.
Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 482 | Навист: 985050789 | Руз: 30.05.2013 | Гапҳо(0)

Бахор омад,ки ман шайдо бигардум.
Чу мохи дар лаби дарё бигардум.
Кабк дар куху оху дар биёбон,
Хама бо ёри худ ман бе ёр бигардум.
Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 611 | Навист: 985050789 | Руз: 30.05.2013 | Гапҳо(0)

Гам, ки дори гам махур гамхор пайдо мешавад.
Мехри ишкат пок бошад. ёр пайдо мешавад.
Гарчи рафт он булхавас хамчу ёри бевафо.
Дил, ки дори окибат дилдор пайдо мешавад.
Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 613 | Навист: 985050789 | Руз: 30.05.2013 | Гапҳо(0)

Манам ошик ба чашмони кашангат,
Ба чашмони кашанги сабза рангат.
Шикоят мекунам бар чамъи ёрон,
Ман аз бе мехри калби сангат.
Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 583 | Навист: 985050789 | Руз: 30.05.2013 | Гапҳо(0)