Главная » 2012 » Декабрь » 29
Оча очае ба рӯят зорам очае, 
Дар мулки ғарибиҳо чи хорум очае, 
Сад сол гузара ба қадри меҳрат нарасам, 
Бархезу бубин, ки бар чи ҳолум очае. 

Очам ба дара, руймоли очам ба дара,
Эй вой, ки худо ба пеши очам бибара,
Як лаҳзае сар ба рӯи зонуш монум, 
Дилум бигира қарор, хобум бибара. 

Э очаи ҷон шири ҳалолата бубахш, 
Шабҳои нахобидаи бедорта бубахш, 
Ман дар ғами ишқ зи ҳолат мондам бехабар, 
Фарзанди ба дарди ишқ беморта бубахш.
Сураташ: Картинка 1
Хонданд: 3654 | Навист: 985050789 | Руз: 29.12.2012 | Гапҳо(0)